Ба гузориши ИКНА, Роғиб Мустафо Ғалваш 5 июли 1938 дар рустои Барма, воқеъ дар устони Танта, ғарби кишвари Миср таваллуд шудааст. Ӯ аз солҳои наврасӣ аз ҳофизони Қуръон буд.
Абдулғанӣ Шарқовӣ, Иброҳим Табҳилӣ ва Иброҳим Салом аз устодони ӯ буданд. Ғалваш то муддати тӯлонӣ аз пайравони Мустафо Исмоил буд ва садои онҳо шабоҳати зиёде ба ҳам дошт. Ӯ аз 24-солагӣ дар радио ва телевизиони расмии Миср ҳамчун қорӣ ҳузур ёфт ва аз ҳамон замон кам-кам сабки худашро дар қироат пайравӣ кард. Пайвастани марҳум Ғалваш ба Радиои Қуръони Миср нуқтаи атфе дар зиндагии ӯ буд, ба гунае ки шуҳрати вай аз марзҳои Миср фаротар рафт.
Роғиб Мустафо Ғалваш тақрибан 30 сол барои қироат ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Амрико, Англис, Эрон, Фаронса ва Канада сафар кард, вале дар солҳои поёнии зиндагияш бештар дар Миср ба сар мебурд.
Мустафо Ғалваш чор маротиба дар солҳои 1368, 1374, 1379 ва 1381 (ҳ.ш.) ба Эрон сафар карда, қироатҳои мондагоре аз худ ба ёдгор гузошт.
Роғиб Ғалваш субҳи рӯзи панҷшанбе 4 феврали 2016 ва дар синни 77-солагӣ дар Миср даргузашт. Ҷасади ӯ пас аз намози асри рӯзи 4 феврали 2016 дар зодгоҳаш, рустои Барма дар Миср ба хок супурда шуд.
Дар идома, видеои диданӣ аз қироати мондагори ин қории машҳури мисриро, ки соли 1989 милодӣ дар меҳмонхонаи Лолаи Теҳрон иҷро карда ва ба оятҳои 9 то 15 сураи муборакаи Исроъ тааллуқ дорад, ба муносибати нӯҳумин солгарди даргузашти ӯ мебинед.